Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/.  20 ноябр Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр – Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путинро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Дар доираи сафари корӣ сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин нақша доранд, як қатор масоили ҳамкории мавриди таваҷҷуҳи муштаракро баррасӣ намоянд.

Tags: