Роҳандозии робитаҳои мустақим миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид

12 январ Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ бо Устондори Синои Ҷанубӣ Холид Фуда мулоқот намуд.

 Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ масоили ҳамкорӣ бо ин устони Миср, аз ҷумла роҳандозии робитаҳои мустақим миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва устони мазкур баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин дар бораи роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, тандурустӣ, кишоварзӣ ва саноат табодули назар сурат гирифт.

АМИТ «Ховар»

Tags: