Сафорати Франсия ният дорад дар Суғд Маркази фарҳангии «Бохтариён»-ро бунёд намояд

Сафорати Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад дар вилояти Суғд Маркази фарҳангии «Бохтариён»-ро бунёд намуда, ҳамчунин дар соҳаи маорифи вилоят якчанд лоиҳаҳоро амалӣ созад. Ин нуқтаи назар зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо сафири Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум  Ясмин Гуедар баён гашт.
Тавре ба «АМИТ» Ховар аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд,  зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба муносибат ва густариши ҳамкории дуҷониба сухан карда, аз ҷумла баҳри боз ҳам тақвият додани раванди ҳамкории дутарафа омодагии худро  баён доштанд.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зикр намуд, ки соли 2016 дар вилояти Суғд истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 6,9 миллиард сомонӣ расонида шуда, вилоят аз минтақаи аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ  табдил дода шудааст. Дар бахши кишоварзӣ  ислоҳоти соҳа идома дошта, таъсиси хоҷагиҳои хурди инфиродиву оилавӣ боиси ҷалби шумораи бештари шаҳрвандон ба шуғли доимӣ ва то 40 дарсад коҳиш ёфтани сафи муҳоҷирони меҳнатӣ гардидааст.
Сафири Франсия Ясмин Гуадер баён дошт, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои фаровон буда, соли равон чанде аз ширкатҳои бузурги Франсия барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд. Роҳандозии ҳамкорӣ бо вилояти Суғд боиси рушди муносибатҳо мегардад.