Сафорати Тоҷикистон иштироки шаҳрвандони Тоҷикистонро дар занозании оммавӣ дар Москва рад кард

Тавре дирӯз, 19 май ВАО Россия хабар доданд, дар ҷанубу ғарби Москва, дар хиёбони Вернадский, хонаи 39 байни мизоҷони қаҳвахона занозанӣ ба амал омад, ки дар натиҷа шаш нафар дар беморхона бистарӣ шуданд ва нуҳ нафар барои тафтиши иловагӣ ба идораи полис интиқол ёфтанд.

Манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки муноқиша байни шаҳрвандон бар асари хусумати шахсӣ ба вуқӯъ пайваст ва хусусияти маишӣ дошта, ба задухӯрд печид. Дар он 15 нафар — гӯё шаҳрвандони Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок доштанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Москва иштироки шаҳрвандони кишвари моро дар занозании оммавӣ рад кард.

«Кормандони Хадамоти консулӣ бо шуъбаи полиси ҷои ҳодиса дар тамос шуданд. Тибқи маълумоти бадастомада, иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҳодиса сабт нашудааст», — хабар доданд аз сафорат.

АМИТ «Ховар»

Tags: