Дар қароргоҳи Конфедератсия футболи Осиё шаҳри Куала-Лумпур машварати кории ин ниҳод таҳти унвони (AFC Cup 2018 Workshop / AFC Champions League 2018 Workshop) имрӯз, 5-уми декабр шуруъ шуд. Барои иштироки хуб ва бо муваффақияти бошгоҳи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар Ҷоми КФО мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии техникии минтақаи ғарбии Осиё боло рафта, мақоми ҳафтумро соҳиб гардид. Ҳамин тариқ қаҳрамони Лигаи Олии Тоҷикистон дар соли 2018 ҳуқуқ пайдо кард, то барои баромадан ба Лигаи Чемпионҳои Осиё-2019 дар рақобатҳои марҳилаи плей-оффи ин мусобиқот ширкат варзад.
ТВ Варзиш