Шурӯъ аз имрӯз дар хатсайри №4 автобусҳои тамғаи «Акиа» ба сокинони Душанбе хизмат мерасонанд

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шурӯъ аз имрӯз, 11 феврал дар хатсайри №4 (маҳаллаи Чиноро-маҳаллаи Пролетар) фаъолияти микроавтобусҳо манъ карда шуда, хизматрасонӣ тариқи автобусҳои тамғаи АКИА ба роҳ монда мешавад.

Дар ин бора  аз Раёсати  иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ин иқдом бо мақсади кам кардани шиддати ҳаракат, танбашавии воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбонҳои марказии шаҳр ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон роҳандозӣ гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки автобусҳои тамғаи AKIA дорои 26 ҷойи нишаст буда,  таҷҳизоти гармидеҳу сардкунанда ва низоми идораи электронии он аз дигар  автобусҳо бартарӣ доранд.

Дар қисми болои дохили автобус мониторҳои калонҳаҷм насб шудаанд, ки барои пахши роликҳои таблиғотӣ ва маълумотдиҳӣ истифода мешаванд. Тугмачаи назди дари мобайн бо аломати маъюбон ба шахсони дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ имкон медиҳад, ки аз наздик шудани худ ба дар ронандаро огоҳ кунанд.

Зимнан, 31 январи соли равон муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарногорон иттилоъ дода буд, ки «бо мақсади навсозии парки нақлиёти мусофирбарии пойтахт ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ давоми ду сол 268 автобуси замонавӣ харидорӣ ва мавриди истифодаи сокинони шаҳр қарор дода шуданд».

Ёдовар мешавем, ки миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ширкати «AKIA»-и Туркия барои харидории  автобусҳо бо дарназардошти бандубасти он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома ба имзо расида  буд. Дар асоси ин шартнома  марҳила ба марҳила  ба пойтахти мамлакат –шаҳри Душанбе  автобусҳои ширкати мазкур  ворид гардиданд, ки алҳол онҳо  дар хизмати сокинону меҳмонони шаҳр  қарор доранд.

«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз сокинон ва меҳмонони пойтахт хоҳиш менамояд, ки аз аз хизматрасонии хатсайри автобусии №4 (Терминали Шарқ-Транс — ҶДММ «Маром») истифода баранд», —  илова намуд манбаъ.

АМИТ «Ховар»