Соли 2017 таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Ваҳдат баргузор мегардад

 Бо фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ соли 2017 дар шаҳри Ваҳдат баргузор мегардад. Ин ҷашни таърихиро дар Варзишгоҳи марказии замонавӣ, ки барои 25 ҳазор нафар тамошобин бо зиёда аз ҳафт ҳазор метри мураббаъ толорҳои варзишӣ ва иншооти хизматрасонӣ дар айни замон сохта истодаанд, таҷлил менамоянд.
Варзишгоҳи мазкур яке аз калонтарин варзишгоҳҳои мамлакат ба ҳисоб рафта, дар оянда барои баргузор гардидани мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ шароит фароҳам мегардад. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат аз шаш қисмат иборат буда, ду қисмати онро Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 21 миллион сомонӣ бунёд менамояд ва бунёди қисматҳои боқимондаро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо маблағи 32 миллион сомонӣ маблағгузорӣ мекунад.
Дар сохтмони мазкур дар ду баст зиёда аз 500 нафар коргарон бо кори доимӣ фаро гирифта шудаанд. Инчунин рӯзҳои шанбе ва якшанбе аз ҳисоби сокинони шаҳр барои ободонии назди варзишгоҳ ҳашарҳои умумӣ ташкил карда мешаванд.