«Созандагони Ватан» ваъда доданд, ки Соли ҷавононро дар сатҳи баланди ифтихори миллӣ ҷашн мегиранд

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пазируфта шудани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи Барномаи амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 ва Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори ТҶҶ «Созандагони Ватан» ҳамоиши ҷавонон баргузор шуд.
Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, тамоми шароити мусоид барои таҳсил, кор ва зиндагии арзанда фароҳам оварда шудааст.
Дар ҳамоиш самтҳои асосии фаъолияти ин ниҳоди ҷамъиятӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе мушаххас карда шуда, вусъат бахшидани корҳои таблиғотӣ байни ҷавонон, истофодаи роҳу усулҳои муосир, ҷалби ҷавонон ба ҳаёти ҷамъияти сиёсии кишвар таъкид карда шуд. Фаъолони «Созандагони Ватан» ваъда доданд, ки Соли ҷавононро дар сатҳи баланди ифтихори миллӣ ҷашн мегиранд.

АМИТ «Ховар»

Tags: