Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мактаби рақами 27 дар деҳаи Паркамчии деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара

Ҳозирини муҳтарам!

Тавре ки медонед, барои бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудани ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони тамоми вазорату идораҳо, дигар сохтору мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва шахсони саховатманд, умуман, аҳли ҷомеаи кишвар вазифадор карда шудаанд, ки мақсад аз он вусъат додани амалҳои созандагиву ободкорӣ ва ба ин васила ба арсаи ташаббусу иқдомҳои бунёдкорӣ табдил додани ҳар як гӯшаи Ватанамон мебошад.

Зеро ҷашни истиқлолияти давлатӣ ҳамчун рамзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва эҳсоси баланди ватандориву ватандӯстӣ метавонад ба сифати ғояи бузурги миллӣ ҳар як фарди бонангу номуси миллатро ба ҷодаи ободкориҳои нав ҳидоят намояд.

Боиси ифтихору қаноатмандист, ки ин иқдоми Ҳукумати мамлакат миёни хурду бузурги кишвар дастгирии ҳамаҷониба пайдо карда, мардуми ватандӯсти мо тамоми саъю талоши худро ба хотири амалисозии нақшаи чорабиниҳои дар ин самт қабулгардида равона кардаанд ва ҳоло Тоҷикистони азизамонро воқеан ба арсаи бунёдкорӣ ва майдони заҳмати созанда табдил додаанд.

Тибқи маълумот дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат то ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатӣ, яъне то моҳи сентябри соли 2021 аз ҳисоби буҷети давлат ва аз ҷониби шахсони саховатманду эҳсонкор қариб 20 000 иншоот бунёд мегардад.

Хотирнишон менамоям, ки қисми зиёди корҳои ободонии ба нақша гирифташуда муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ, миёнаи умумӣ ва синфхонаҳои иловагӣ, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, роҳу пулҳо ва дигар иншооти муҳим мебошанд.

Дар ин раванди неки ободонии кишварамон мардуми ватандӯсту заҳматкаши ноҳияи Данғара низ то имрӯз корҳои зиёди созандагиро анҷом додаанд.

Дар маркази ноҳия ва деҳоти он то дурдасттарин деҳаҳо сохтмони 222 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ, яъне аз моҳи май то имрӯз аз ҷониби соҳибкорону ҷавонмардони бонангу номуси ноҳия сохтмон ва бунёду азнавсозии 33 иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла  муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёна, бунгоҳҳои тиббиву марказҳои саломатӣ, марказҳои хизматрасонӣ, майдончаҳои варзишӣ, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ва таъмиру азнавсозии роҳҳои ноҳия анҷом ёфта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Таъкид месозам, ки ҳамаи корҳои то имрӯз амалишуда ва ободкориҳои дигари ба нақшагирифташуда на аз ҳисоби буҷети давлатӣ, балки бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ, шахсони баландҳиммат ва худи аҳолӣ иҷро шуда истодаанд.

Ҳоло дар ноҳия аз ҷониби соҳибкорон бунёди 33 муассисаи таҳсилоти умумӣ идома дорад, ки намунаи беҳтарини ҳисси ватандӯстии онҳо ба ҳисоб меравад.

Дар як муддати кӯтоҳ, яъне дар зарфи шаш моҳ дар маркази ноҳия ва деҳаҳои дурдасти он 5 мактаб, як боғчаи кӯдакон, 3 маркази саломатӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, 2 ҳаммом, сартарошхона ва кошонаи ҳусн, як коргоҳи дӯзандагӣ, 2 корхонаи хурди истеҳсолӣ, 3 майдончаи варзиш бунёду ба истифода супорида шуда, 17 километр роҳ асфалтпӯш карда шудааст.

Илова бар ин, аз ҳисоби заминҳои талу теппаҳо 100 гектар боғи нав бунёд гардида, барои сокинони маҳаллӣ 100 ҷойи кори нав муҳайё гардидааст.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 дар деҳаи Паркамчӣ низ, ки барои 480 нафар хонанда пешбинӣ шудааст, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби ашхоси саховатманд ва соҳибкорони ҳимматбаланди ҳамин диёр бунёд гардидааст.

Бояд гуфт, ки мактаби мазкур ҳанӯз соли 1931, яъне қариб 90 сол пеш ҳамчун мактаби сесола сохта шуда, соли 1968 барои 110 нафар хонанда қисман навсозӣ гардида буд.

Муассисаи навбунёди имрӯза аз 20 синфхона, китобхонаву ошхона ва утоқҳои фаннӣ иборат буда, тибқи талаботи меъёрҳои замонавӣ бунёд шудааст ва дар он тамоми шароиту имкониятҳои муосири таҳсил муҳайё карда шудаанд.

Бинобар ин, ифтитоҳи боз як муассисаи нави таълимиро ба кулли хонандагону омӯзгорон ва сокинони заҳматқарини деҳа табрик гуфта, ҳамзамон бо ин, ба соҳибкорон ва шахсони эҳсонкоре, ки барои ободии ноҳия ва деҳоти он саҳм мегузоранд, миннатдорӣ баён менамоям.

Итминон дорам, ки бо заҳмати аҳлонаи соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва аҳолӣ нақшаҳои қабулшудаи ободонӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида амалӣ шуда, аксари мушкилоти иҷтимоии сокинон бартараф хоҳад шуд.

Ҳозирини гиромӣ!

Тавре ки ишора кардам, ҳангоми бунёди иншооти ба истиқболи ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатӣ ба нақша гирифташуда дар қатори муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, роҳу пулҳо ва иншооти дигар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа бояд ба сохтмони мактабҳо ва муассисаҳои томактабӣ равона карда шавад, зеро то ҳанӯз бисёр минтақаҳои дурдасти кишварамон ба муассисаҳои таълимии замонавӣ эҳтиёҷ доранд ва кӯдакону наврасон барои азхудкунии донишҳои муосир ба мушкилот  рӯ ба рӯ ҳастанд.

Мо бояд кӯшиш намоем, ки фарзандонамон дар тамоми минтақаҳо ва то дурдасттарин гӯшаҳои кишвар ба таълиму тарбияи шоиста шароиту имконият дошта бошанд ва аз омӯхтани илму дониш бебаҳра намонанд.

Тибқи маълумот дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 86 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ бо зиёда аз 21 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.

Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи олам нишон медиҳад, ки самара ва манфиати сармоягузорӣ ба соҳаи маориф ҳатто аз ҷалби сармоя ба бахши иқтисод бештар ва таъсири он ба рушди ҷомеа ва давлат зиёдтар мебошад.

Мо низ ҳанӯз аз солҳои нахустини истиқлолияти давлатӣ дастгирии соҳаи маориф, аз ҷумла бунёди муассисаҳои таълимӣ, ташкили шароити мусоид барои таълиму тарбияи фарзандон, ба роҳ мондани роҳу усулҳои нави таълиму тадрис ва омӯзиши илму дониш ва ба камол расонидани насли босаводу соҳибмаърифатро заминаи боэътимод барои пешрафти давлат мешуморем.

Илова ба корҳое, ки давлат дар ин самт то имрӯз анҷом додааст, ман борҳо шахсонеро, ки шароити хуби молиявӣ доранд, даъват кардам, ки дар зодгоҳи худ муассисаи таълимие бунёд намоянд ё аз рӯи имконият барои таъмири мактабе, ки дар он таҳсил кардаанд, кумаку мусоидати худро дареғ надоранд.

Фаромӯш набояд кард, ки ҳар шахс ба ҳар мақому мартабае, ки расида бошад, донишҳои аввалинро аз мактаб ва омӯзгор гирифтааст.

Яъне мактаб ҳамчун даргоҳи муқаддас барои ташаккули шахсият дар ҷомеа ва мавқеи устувор пайдо кардани ӯ нақши асосиву ҳалкунанда дорад.

Аз ин лиҳоз, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия омили асосии ташаккули ҷаҳонбинии пешрафтаву ҷомеаи солим ва решакан гардидани ҳар гуна зуҳуроти номатлуб миёни наврасону ҷавонон мебошад.

Аз ин хотир, кормандони соҳаи маориф вазифадоранд, ки бо ҷалби фаъолонаи падару модарон аз     шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат самаранок истифода карда, барои дарёфти роҳу усулҳои пешқадами таълиму тарбия, ҷалби хонандагон ба омӯхтани илму дониш, забономӯзӣ, аз худ кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ ва ба воя расонидани насли воқеан босаводу соҳибмаърифат ва ватандӯсту худшинос ҳамеша кӯшиш намоянд.

Бинобар ин, андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба ин масъала  вазифаи муҳимму аввалиндараҷаи ҳам устодону омӯзгорон ва ҳам падару модарон мебошад.

Барои ташаббусу иқдомҳое, ки имрӯзҳо дар деҳаи Паркамчӣ аз ҷониби фарзандони бонангу номуси он ва аҳолӣ амалӣ шуда истодаанд, ба ҳамаи шумо изҳори миннатдорӣ менамоям ва бовар дорам, ки ҳар як сокини ватандӯсти деҳа дар ин ҷода минбаъд низ заҳмату талоши боз ҳам бештар карда, дар ду — се соли наздик зодгоҳи худро ба сокинони кишвар ҳамчун гӯшаи ободу пешрафта ва намунавӣ ба таври шоиста муаррифӣ мекунанд.

Дар ин ҷода, зарур аст, ки ҳар як шахс ба ободу тоза нигоҳ доштани хонаи худ, маҳалли зист, таълиму тарбияи дурусти фарзандон ва ба зиндагии мустақилона омода кардану ба роҳи дурусти ҳаёт ҳидоят намудани онҳо эътибори ҷиддӣ зоҳир намояд.

Итминони комил дорам, ки сокинони сарбаланди ноҳияи Данғара то ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатӣ бунёди иншооти ба нақша гирифташударо бо сифати баланд ба анҷом мерасонанд ва бо ҳамин роҳ диёри худро боз ҳам ободу зебо мегардонанд.

Дар ин ҷода ба ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ ва ҳар як сокини деҳа барору комёбӣ ва ба шогирдони мактаби навбунёд тандурустиву таҳсили хубу аъло орзу менамоям.

Ҳамчунин, ҳар яки шумо ва ҳамаи сокинони заҳматдӯсти ноҳияи Данғараро ба муносибати Рӯзи Конститутсия, ки фардо фаро мерасад, самимона табрик мегӯям.

Ҳамеша тансиҳату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!