СУТ: коршиносон яқин медонанд, ки коронавирус сохтаи дасти инсон нест

СУТ сарчашмаи пайдоиши коронавирусро номбар намуд. Дар ин бора рӯзноманигорони «Reuters» бо истинод ба тадқиқоти мутахассисони Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ хабар додаанд.  Олимон  бар он андешаанд, ки нахустпайдоиши вируси  SARS-CoV-2 ҳайвон будааст.

Намояндаи СУТ Фадела Чаиб ҳар гуна гуфтугузорро дар атрофи вирус чунин шарҳ додааст: «Нахуст вирус дар ҳайвон ба вуҷуд омадааст ва он ба ҳеҷ ваҷҳ ихтирои ягон озмоишгоҳ нест». Ӯ ҳангоми брифинг дар Женева гуфтааст, ки СУТ дар ин бобат танҳо ба далелҳои илмӣ такя менамояд. Алҳол маълум нест, ки чӣ тавр вирус монеаҳои мухталифи байни инсону ҳайвонро гузашта, ба одам асар кардааст. Вале коршиносон яқин медонанд, ки вирус сохтаи дасти инсон нест.

Хотиррасон менамоем, ки 21 апрел аз COVID-19 қариб 2,4 миллион одами  рӯи ҷаҳон гирифтор шудаанд.

Дарвоқеъ, СУТ бо мавқеи олимони чинӣ  дар бобати тағйирёбии табии коронавирус ҳангоми аз ҳайвон ба инсон гузаштан мувофиқ аст. Иёлоти Муттаҳидаи Америка Чинро бо он айбдор мекунад, ки гӯё ин кишвар дар пайдоиши сунъии  коронавирус даст дошта бошад. Мутахассисони машҳури рус, аз қабили эпидемиологҳо, вирусшиносон ва табибони бемориҳои сироятӣ низ чунин ақида доранд, ки ин ҷо ҳама гуна нишонаҳои мавҷуди офариниши сунъӣ истисност.

«Далелҳои мушаххаси пайдоиши вирусро ба ҳайвон рабт додаанд. Дақиқан ин вирус на онест, ки ӯро дар лаборатория ё ҷои дигар сохтаанд», боз ҳам дар посух такрор кард Фадела Чаиб оид ба пайдоиши ин беморӣ.

Тавре ҳамагон  огоҳанд, вирусшиносони чинӣ қаблан муайян намуданд, ки манбаи пайдоиши вирус кӯршабпаракҳо буда, сусморҳо сабагори интиқоли он ба одам гаштаанд. Вале, барои СУТ ҳамоно ин ҳолат возеҳ нест, ки  чӣ гуна вирус тавонистааст  монеаҳои ҷисмҳои сохташон куллан гуногунро убур намуда, ба бадани одам  ворид шавад. Муқаррар аст, ки ин кор бе «миёнарав» анҷом напазируфтааст,- гуфт коршиноси СУТ.

АМИТ «Ховар»

Tags: