БОЗИҲОИ ОСИЁ-2018: аз Тоҷикистон Дилшод Назаров аввалин медали нуқраро ба даст овард!
Опубликовано пн, 27/08/2018 - 17:02 пользователем admin
Шоми 26-уми августи соли равон варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар 18-умин Бозиҳои тобистонаи Осиё дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия дар намуди гурзандозӣ бо натиҷаи 74 метру 16 сантиметр мақоми дуюмро ишғол кард, ки ин аввалин медали дастаи мунтахаби Тоҷикистон мебошад.


Варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров, чемпиони Бозиҳои олимпӣ дар мусобиқаи Гран-Прии Бразилия оид ба варзиши сабук медали тилло ба даст овард.
Мавсими навбатии силсиламусобиқа оид ба гурзпартоӣ — IAAF Hammer Throw Challenge ба фарҷом расид. Пешгоми мунтахаби Тоҷикистон оид ба варзиши сабук Дилшод Назаров дар ҷамъбасти 9 силсиламусобиқа сазовори ҷойи сеюм гардид.