Эмомалӣ Раҳмон

Владимир Путин: «Тоҷикистон - кишвари калидӣ барои таъмини амният дар Осиёи Марказӣ аст»

Тавре аз ин пеш хабар додем, имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон    дар Қасри миллат бо Президенти Федератсия Россия Владимир Путин, ки бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқоти хосса анҷом доданд.
Бино ба иттилои хабаргузории РИА «Новости» Владимир Путин зимни мулоқот  нақши Тоҷикистонро дар таҳкими амният дар қаламрави Осиёи Марказӣ муҳим арзёбӣ кард. «Барои мо мавқеи Тоҷикистон оид ба мушкилоти минтақавӣ бисёр муҳим аст. Дар ин самт ман Тоҷикистонро кишвари калидӣ оид ба таҳкими амният дар минтақа мешуморам»,-гуфт Владимир Путин.

Владимир Путин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо Ордени Александр Невский сарфароз гардонид

Тавре ки иттилоъ додем, имрӯз дар Қасри миллат мулоқоти хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин баргузор гардид.

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия

Баррасии масоили марбут ба муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун ва муштаракоти стратегии Тоҷикистону Россия ба таври мушаххас дар музокироти сатҳи баланд бо иштироки ҳайатҳои расмии ду давлат идома ёфт.

Страницы