Футбол

Дастаи «Хуҷанд» ба финали мусобиқоти Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт

Дастаи  футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  ба финали мусобиқоти Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт. Дар даври нимфиналӣ ин даста дар бозиҳои рафту баргашт бар дастаи футболи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор бо натиҷаи умумии 4:2 дастболо гардид. Бозии аввал миёни ин дастаҳо бо ҳисоби 2:0 ба нафъи дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд  хотима ёфта буд.

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон ба чемпионати Осиё-2018 роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон, ки дар бозии сеюмаш дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони то 16-сола тими Умонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, дар гурӯҳи “В” ғолиб шуд ва ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфт.

Футболбозони навраси тоҷик дастаи мунтахаби Малдивро бо ҳисоби калони 14:0 мағлуб намуданд

Шоми дирӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2018 дастаи мунтахаби наврасони Малдивро бо ҳисоби калони 14:0 мағлуб намуд.

Страницы