Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар раддабандии нави Федератсияи байналмилалии футбол як зина боло баромад
Опубликовано пт, 16/03/2018 - 11:48 пользователем tvt
Федератсияи байналмилалии футбол рӯйхат ё раддабандии нави дастаҳои мунтахабро нашр намуд. Дар ин раддабандӣ дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон як зина боло баромада, дар мақоми 124-ум ҷой гирифт.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳоло дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо касби 255 хол дар зинаи 124-ум қарор дорад.


Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) ва ширкати «Сoca-Соlа» /«Кока Кола»/ барои шомил намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хатсайри Ҷоми Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол изҳори миннатдорӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.