Бахшида ба Наврӯзи Аҷам дар шаҳри Норак мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Опубликовано пн, 18/03/2019 - 18:26 пользователем admin
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ифтихори таҷлили ҷашни ниёгонамон Наврӯзи хуҷастапай рӯзҳои 21-22 марти соли 2019 дар шаҳри Норак мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ байни калонсолон баргузор мегардад.


Кишоварзони шаҳри Норак ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва бо мақсади ҷавонкунии боғҳо дар шаҳр 53 гектар боғҳои кӯҳнаи анорро пурра решакан намуда, онро барқарор намуданд. Тибқи нақшаи бунёди боғҳо, соли равон дар шаҳр 13 гектар боғҳои нав бунёд гардиданд, ки аз ин 3 гектар боғи анор мебошад.
Сокинони шаҳри Норак дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи Аҷам зиёда аз даҳ ҳазор нафар меҳмонони ҷумҳуриро дар хонаҳои худ пазироӣ менамоянд.