Оғози татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак»
Опубликовано ср, 20/03/2019 - 17:55 пользователем admin
20 марти соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Норак ба татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» оғози расмӣ бахшида, бо ҷараёни навсозии агрегатҳо шинос шуданд.


Субҳи рӯзи 20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба Соли нави миллӣ- ҷашни байналмилалии Наврӯз, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун ба шаҳри Нораки вилоя