Дар Душанбе омодагиҳо ба ҷашни Рӯзи Модар оғоз гардиданд
Опубликовано чт, 01/03/2018 - 09:01 пользователем tvt
Бо қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ва ҷашни Рӯзи Модар тасдиқ гардиданд.


Дар шаҳри Душанбе Комиссияи шаҳрӣ оид ба омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2018» таъсис дода шуд. Ҳамчунин раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки баҳри қабули саривақтии ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагон комиссияҳои ноҳиявӣ таъсис диҳанд.
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз – 2018 тасдиқ гардид.