Дархости Рустами Эмомалӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия
Опубликовано вт, 16/01/2018 - 09:38 пользователем tvt
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дархост намуд. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.


Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба вусъати корҳои ободонию навсозӣ дирӯз дар пойтахт бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ навсозии як силсила иншооти коммуникатсионӣ оғоз гардид.
Тавре қаблан хабар дода будем, 11 декабр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид.