45 нафар занони вилояти Суғд аз грантҳои президентӣ барои эҳёи ҳунарҳои миллӣ истифода мебаранд
Опубликовано чт, 24/08/2017 - 12:26 пользователем tvt
45 нафар занону духтарони ҳунарманд аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд соҳиби гранти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят гардида, минбаъд бо ин маблағ 464 нафар занони хонанишинро соҳиби касб ва ҷойи кор хоҳанд кард. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.


Тавре қаблан иттилоъ дода будем, аз 21 то 26 августи соли равон дар вилояти Суғд Ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мешавад.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як гурӯҳ шоирону нависандагон, роҳбарони гурӯҳҳои фолклорию этнографӣ, бофандагону косибон ва намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеаро, ки аз 21 то 26 август дар Рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд ширкат мекунанд, ба ҳузур пазируфт.