Маҳфили ёдбуд: «Кардаст баҳри мардум сад ҷон фидо Саюмарс…»
Опубликовано чт, 23/02/2017 - 14:46 пользователем tvt
Дар Вазорати корҳои дохилӣ 22 феврал маҳфили ёдбуд бахшида ба гиромидошти хотираи корманди ҷонфидои мақомоти корҳои дохилӣ, старшинаи милитсия Саюмарс Гулмадов баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.


Субҳи имрӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо мақсади шиносоӣ ва бартараф намудани мушкилиҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ аз километри 48-уми деҳаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб дидан кард.
17, 18 ва 19 феврали соли равон дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ-Мурғоб, Рашт-Ҷиргатол ва махсусан дар роҳи Душанбе-Хуҷанд лағзиши тармаҳои калон ба қайд гирифта шуд. Бино ба маълумоти аҳолии маҳаллӣ, чунин боришоти зиёд ва тармафароӣ тайи 20-30 соли охир рух надода буд.