Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: бар асари тармафароӣ дар Сангвор хисороти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст
Опубликовано пт, 29/03/2019 - 17:22 пользователем admin
Хатари фаромадани тарма дар роҳҳои Душанбе — Сангвор, Хоруғ-Ишкошим ҳамоно боқӣ мемонад. Сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки айни замон Ситоди


Тавре қаблан хабар дода будем, тайи чанд рӯзи охир дар шоҳроҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ, алалхусус аз километри 47 то 160-уми он боришоти бардавом ва башиддати барф идома дорад. 15 феврал ҳангоми тармафароӣ дар қитъаи 69 –уми ҳамин роҳ ду мошини сабукрав, ки аз Душанбе ба самти Хуҷанд ҳаракат мекарданд, зери барф монданд.
Бо иқдоми бевоситаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода роҳбарияти заводи муштараки «Анзоб» барои тоза намудани роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар минтақаи «Нақби Истиқлол» ёрии моддӣ ва техникӣ расониданд.