Маросими гусели Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев
Опубликовано сб, 10/03/2018 - 17:06 пользователем tvt
Нимаи дуюми рӯзи 10 марти соли 2018 пас аз анҷоми сафари бобарори давлатӣ дар Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Тошканд баргашт.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд.


Имрӯз дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом Сарвари ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрии «Варзоб», воқеъ дар ноҳияи Варзоб ташриф ова
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи сафари давлатии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд.