Боздиди Сарони давлатҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз Кохи Наврӯз
Опубликовано пт, 09/03/2018 - 21:20 пользователем tvt
Шоми рӯзи 9 март Сарони давлатҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Кохи боҳашамати Наврӯз ташриф оварда, толорҳои барҳавову зебо ва бо санъати асили миллӣ ороёфтаи онро тамошо карданд.


Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мирзиёев Шавкат Мирамонович!
Рӯзи 9 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамчунин дар консерти тантанавии ходимони фарҳангу санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ”, ки дар Кохи Борбад баргузор шуд, иштирок намуданд.