Кормандони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар бартараф намудани оқибатҳои барф дар Душанбе саҳми назаррас гузоштанд
Опубликовано чт, 09/04/2020 - 14:35 пользователем admin
8-9 апрел дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид ба амал омада, борони бошиддат ба барф табдил ёфт. Дар натиҷаи боридани барфи зиёд дарахтони сояафкан, ороишӣ ва гулу буттаҳо дар хиёбонҳо, кӯчаҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ дар шаҳри Душанбе зери барф монданд.



Роҳи байналмилалии мошингарди Душанбе — Хоруғ кушода буда, ҳаракати муназзами ҳама намуди воситаҳои нақлиёт дар он таъмин гардидааст. Масъулин роҳро аз барф тоза карда, бо маводи зиддилағжиш коркард менамоянд. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.