Бонки миллӣ: Фаъолияти оператори низоми пардохтии BLIZKO қатъ гардид
Опубликовано ср, 22/04/2020 - 11:19 пользователем admin
Бо қарори Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти оператори низоми пардохтии BLIZKO қатъ карда шуд.
Иҷозатномаи оператори низоми пардохтии BLIZKO аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон моҳи апрели соли гузашта ба Бонки тиҷоратии байниминтақавии рушди алоқа ва иттилоот дода шуда буд, ки дар асоси аризаи хаттии иҷозатномадор бозхонд гардидааст.


Ба ҳолати соати 10:30-и имрӯз дар Қазоқистон шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 30 нафар зиёд шуда, 2 025 касро ташкил медиҳад. Теъдоди беморони шифоёфта дар ин давлат 489 нафар ва шумораи фавтидагон 19 кас мебошад.