Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ
Опубликовано сб, 23/11/2019 - 21:50 пользователем admin
23 ноябри соли 2019
Ҳамватанони азиз!
Бо камоли ифтихор тамоми сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки яке аз рамзҳои муҳимми давлати миллии мо буда, мояи сарбаландии ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпараст ба ҳисоб меравад, самимона табрик мегӯям.


Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман 24 октябри соли 1992 қабул гардидааст. Он аз матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх, рахи мобайн ранги сафед ва рахи поён ранги сабз дорад.
Имрӯз бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар он сардорони раёсатҳо, ҳайати шахсӣ ва ҷавонони фаъоли кишвар иштирок доштанд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.