Хабар

СПЕКА-2019. Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии сатҳи баланд дар Ашқобод иштирок дорад

Форуми иқтисодии сатҳи баланди СПЕКА-2019 ва ҷаласаи 14-уми Шӯрои роҳбарикунандаи СПЕКА, ки  20 ноябр дар шаҳри Ашқободи Туркманистон  оғоз гардид, имрӯз идома меёбад. Дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода иштирок дорад.

Дар шаҳри Кӯлоб ҷавонон аз рӯи 30 ихтисос ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб мегарданд

Филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Кӯлоб тибқи иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ фаъолият намуда, ҷиҳати омода намудани касбҳои ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир, новобаста аз синн 30 ихтисос, аз ҷумла, дӯзандагӣ, кафшергари барқӣ, қуроқдӯз, челонгар, таъмири автомобил, ороишгари мӯй, муҳосибӣ, компюте

Ҳамкории минбаъдаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо шаҳри Аомории Япония баррасӣ гардид

20 ноябр ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо ҳайати намояндагони Ҳукумати шаҳри Аомории Япония, ки бо роҳбарии мудири Бахши рушди дастаи мунтахаби олимпӣ ва паралимпӣ, рушди варзиш дар маҳал ва масъалаҳои иқтисодии шаҳр ҷаноби Шинйа Ойама бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадаанд, мулоқот кард.

Страницы