Бобби Чакраборти бо гурӯҳи ҳунариаш дар саҳнаи тоҷик мерақсад
Опубликовано пт, 11/10/2019 - 20:23 пользователем admin
Шоми имрӯз, соати 17:00, дар Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев консерти рақси классикии ҳиндӣ дар иҷрои раққоси машҳури сарзамини Ҳинд Бобби Чакраборти ва ансамбли ӯ, ки бо сафари ҳунарӣ ба Тоҷикистон омадаанд, баргузор мегардад.


Дар асоси пешниҳоди Раиси кумитаи тадорукот оид ба ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қоҳир Расулзода, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашнии ин чорабиниро интихоб карданд.