Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон мулоқот намуданд
Опубликовано пт, 11/10/2019 - 12:13 пользователем admin11 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхободи Туркманистон дар ҳошияи Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон мулоқот карданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.


Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Анҷумани иқтисодии минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Имкониятҳо барои рушд «Кӯлоб-2019» бо иштироки васеи намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо роҳбарии мутахассиси сербӣ — Деяна Дедович ба машқҳои омодагӣ баҳри иштирок дар бозиҳои интихобии Осиё-2020 оғоз бахшид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.