Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон толори варзиширо дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ифтитоҳ намуданд
Опубликовано вт, 06/08/2019 - 08:46 пользователем admin
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон бо бардоштани парда аз болои лавҳаи рамзӣ толори кушоду барҳавои варзиширо, ки аз тарафи соҳибкорони ватанпарвари ноҳия сохта шудааст, ба варзишгарону сокинони ин минтақаи дурдаст тақдим намуданд.


Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави хобгоҳи назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-ро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Дар ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бинои навбунёди боғчаи кӯдаконро, ки дар заминаи кӯдакистони рақами 1-и ноҳия сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.