«Сомон Эйр» дар маросими «Ҳаҷ-2019» аз Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ба Ҷиддаи Арабистони Саудӣ 24 парвоз анҷом дод
Опубликовано пн, 05/08/2019 - 10:21 пользователем admin
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» марҳалаи якуми барномаи «Ҳаҷ-2019»-ро, ки дар доираи он 3750 нафар зоирин аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ба Ҷидда интиқол дода шуданд, анҷом дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.


1 августи соли равон дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ 5 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ — ронанда ва мусофирони мошин, сокини деҳаи Дуршери ноҳияи Ванҷ Асоев Садриддин, сокинони шаҳри Душанбе Ингра Қурбонова, Айшам Асоев ва Зифмо Асоева дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Соли 2019 дар шаҳри Роғун аз ҷониби Бонки рушди Осиё як лоиҳаи калон тарҳрезӣ гардида, айни замон дар ҳоли таҳия қарор дорад. Лоиҳаи мазкур бо мақсади омода намудани мутахассисони варзида ва ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтмони Маркази таълимии рушди малакаҳоро дар ин шаҳр пешбинӣ намудааст.