ҲАМКОРӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚАЗОҚИСТОН ДАР ҲОЛИ РУШД АСТ. Андешаҳои шореҳи АМИТ «Ховар» дар робита ба сафари расмии Сарвазири Қазоқистон ба Тоҷикистон
Опубликовано вс, 14/07/2019 - 12:18 пользователем admin
Ҳафтаи гузашта Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин зимни сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе дидан карда, бо арзи эҳтиром ба пояи муҷассами Исмоили Сомонӣ, Маҷмааи меъмории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» гулчанбар гузошт.



