Хабар

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи «Чашмаи Нуқра»-и ноҳияи Данғара дидан карданд

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ бо фаъолияти коргарони Кооперативи тиҷоратии “Чашмаи Нуқра” шинос шуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои асосии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и деҳаи Талхоби ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор доданд

12 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ҳамчунин бинои асосии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51-и деҳаи Талхоби Деҳоти Оқсуро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Страницы