Хабар

Сарвазири Камбоҷа Хун Сен ҷиҳати иштирок дар Саммити МҲТБО ба Душанбе ташриф овард

Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа Хун Сен ҷиҳати иштирок дар Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё /МҲТБО/ вориди шаҳри Душанбе гардид.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро муовини Сарвазири мамлакат Маҳмадтоир Зокирзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро истиқбол гирифтанд

Нимаи дуюми рӯзи 14 июн дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро, ки бо сафари давлатӣ ва ҷиҳати иштирок дар Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба Тоҷикистон ташриф оварданд, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд

14 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба ҳузу

Страницы