Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб-2019» оғоз гардид
Опубликовано пт, 14/06/2019 - 14:11 пользователем admin
Имрӯз, 14 июн дар шаҳри Кӯлоб Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб-2019» бо иштироки доираи васеи сармоягузорони кишварҳои Россия, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, кишварҳои арабию аврупоӣ ва соҳибкорони ватанӣ расман ифтитоҳ гардид.


Тавре қаблан иттилоъ додем, субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ— Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки 14 июн дар Қароргоҳи давлатии «Ала—Арча»-и пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мешавад, ба шаҳри Бишкек сафар карданд.
14 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии