Ҳавопаймоҳои «Сомон Эйр» минбаъд аз фурудгоҳи нави Истанбул истифода менамоянд
Опубликовано вт, 05/02/2019 - 14:23 пользователем admin
Ҳавопаймоҳои «Сомон Эйр» минбаъд аз фурудгоҳи нави Истанбул истифода менамоянд. Ин тасмим бо сабаби пурра гузаштани тамоми хатсайрҳо ба фурудгоҳи «Ataturk» гирифта шудааст. Дар ин росто, шурӯъ аз 3 март ҳавопаймоҳои «Сомон Эйр» парвозҳоро ба фурудгоҳи нави шаҳри Истанбул анҷом медиҳанд.


Бинобар шадид ва беист будани бориши барф ва ниҳоят зиёд будани хавфи тармафароӣ дар асоси муқаррароти фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт аз километри 47 — уми роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ба самти Хуҷанд ва аз километри 81- ум ҷониби Душанбе муваққатан боздошта шуд.
Россия омода аст ба лоиҳаҳои CASA-1000 ва ТАПИ ҳамроҳ шавад, изҳор намуд 4 феврал дар Бишкек Вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии Sputnik хабар медиҳад