ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Ба шарафи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов майдони Нишони давлатӣ бунёд мегардад
Опубликовано чт, 31/01/2019 - 12:15 пользователем admin
Имрӯзҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром ҷараён доранд.


Бо мақсади дар амал татбиқ кардани барномаҳои махсуси Ҳукумати электронӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшҳои Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» батадриҷ ба низоми нави электронӣ мегузаранд.
Давоми соли 2018 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 10 адад корхонаи нави саноатӣ бо фарогирии қариб 200 ҷои кор ба истифода дода шуданд. Дар маҷмӯъ, дар ин давра аз ҷониби 103 коргоҳи саноатии фаъоли ноҳия ба маблағи 1 млдр 146,9 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба соли 2017 95,0 млн. сомонӣ зиёд аст.