Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян
Опубликовано пт, 28/09/2018 - 11:21 пользователем admin
27 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот карданд.


Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ ҳамоиши навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳод баргузор шуд, ки дар он 13 қарордод ба имзо расонида шуд.
Шоми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ ба шаҳри Душанбе ташриф овард.