Президенти Қазоқистон ҷиҳати иштирок дар саммити сарони давлатҳои ИДМ ба Тоҷикистон омад
Опубликовано пт, 28/09/2018 - 11:18 пользователем admin
Шоми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ ба шаҳри Душанбе ташриф овард.


Нимаи дуюми рӯзи 27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот карданд.
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Беларусь Александр Лукашенко барои ширкат дар ҷаласаи навбатии шӯрои сарони давлатҳои ИДМ, ки 28 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, ба Тоҷикистон ташриф меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ муносибати дӯстона ва судманд ба роҳ монда, сафоратҳои худро дар қала