РӮЗИ ЧАКАНДӮЗОН ДАР ДУШАНБЕ. Ҳадаф-баровардани ин намуди маҳсулот ба бозори ҷаҳонӣ ва дастгирии ҳунармандон
Опубликовано чт, 05/07/2018 - 12:29 пользователем admin
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 7 июли соли 2018 аз соати 10:00 то 18:00 дар «Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ» маҳфили Рӯзи чакандӯзон баргузор мекунад.


Моҳи сентябри соли равон коршиносон аз Франсия ба Тоҷикистон омада, ҳамроҳ бо гурӯҳи корӣ аз Тоҷикистон корҳои амалиро ҷиҳати интихоби нигораҳои таърихии Тоҷикистон барои Намоишгоҳи Франсия шурӯъ мекунанд. Намоишгоҳ аввали соли 2019 баргузор шуда, нигораҳо тӯли се моҳ дар шаҳри Париж ба маърази дӯстдорони таърих ва осорхонаҳо гузошта мешаванд.
Моҳи август дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2018» баргузор мегардад.