Хабар

Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гашта, дар баъзе ҷойҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо вазиши сахти шамол аз самти ғарб то 17-22 метр дар як сония расида, дар вилояти Хатлон чангу ғубор ба амал меояд.

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Мусобиқоти ҷаҳон оид ба футбол — 2018 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия

Шоми имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Мусобиқоти ҷаҳон оид ба футбол — 2018 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия иштирок карданд.

Ҳамоиши бузурги варзишӣ 14 июн дар варзишгоҳи Лужникии шаҳри Москва оғоз гардид, ки дар он дастаҳои беҳтарини футболи як қатор кишварҳои олам ва футболбозони машҳури ҷаҳон барои дарёфти Ҷоми мусобиқот байни ҳам рақобат хоҳанд кард.

Страницы