Хабар

Ҳайати Хадамоти бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон вориди шаҳри Душанбе шуд

Субҳи имрӯз ҳайати меҳмонони Хадамоти бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии раиси Хадамот Ихтиёр Абдуллоев бо сафари корӣ вориди шаҳри Душанбе гардид.

Меҳмононро дар Фурудгоҳи байналмилалии  Душанбе  роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти сарварии раиси Кумита Саймумин Ятимов пешвоз гирифтанд.

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорат нисбат ба рӯзҳои қаблӣ 1-2 дараҷа паст мегардад.

Имрӯз, 12 июн дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +19+24 ва рӯзона +33+38 дараҷа гарм мешавад.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД иштирок намуд

11 июни соли 2018 дар шаҳри Алмато ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гашт, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ширкат варзид. 

Страницы