Хабар

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай

9 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай вориди шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд.

«СҲШ-СУТУНИ НИЗОМИ ҶАҲОНИИ СЕРҶАНБАИ ТАШАККУЛЁБАНДА». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба газетаи «Жэнмин жибао»-и Чин мусоҳибаи ихтисосӣ доданд

«СҲШ ҳамчун як созмони бонуфузи минтақавӣ дар паҳнои мураккаби геосиёсӣ қотеъона нуфуз пайдо мекунад ва ба яке аз сутунҳои низоми ҷаҳонии серҷанбаи ташаккулёбанда табдил меёбад»,-изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо хабарнигори газетаи «Жэнмин жибао» пеш аз сафар ба Тсиндао ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 18-уми Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ.

Страницы