Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад
Опубликовано чт, 07/06/2018 - 11:12 пользователем tvtИмсол Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 15 июн таҷлил мегардад. Дар ин бора имрӯз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ҷаласае, ки бо иштироки аъзои Шӯрои уламо ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеи кишвар баргузор гардид, қарори дахлдор қабул кард.
Ҳамин тариқ, рӯзи ҷумъа, 15 июн, соати 6:00 субҳ дар тамоми масҷидҳои ҷомеи Тоҷикистон намози ид барпо мегардад.