Хабар

Дар Суғд оилаҳои ниёзманд аз кумакҳои рамазонӣ бархурдор мешаванд

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тасмим гирифтааст дар моҳи хайру эҳсон- моҳи шарифи Рамазон ба 7600 оила, нафарони яккаву танҳо ва маъюбон кумаки моддӣ, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ ва дигар маводи зарурӣ расонад.

Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо гармӣ ба 37 дараҷа мерасад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Имрӯз, 1 июн дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +16 +21 ва рӯзона +32 +37 дараҷа гарм мешавад.

Страницы