Ҳавои тағйирёбандаи абрӣ дар Тоҷикистон то охири ҳафта идома мекунад
Опубликовано чт, 31/05/2018 - 09:27 пользователем tvtИмрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Имрӯз, 31 май дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +12 +17 ва рӯзона +28 +33 дараҷа гарм мешавад.