Хабар

Омодагии бозорҳои пойтахт ба моҳи шарифи Рамазон мавриди санҷиш қарор дорад

Тавре огоҳӣ дорем, чанд соли охир баробари фаро расидани моҳи шарифи Рамазон дар мамлакат аз ҷониби баъзе тоҷирону савдогарони бозорҳо бе  ягон асос  боло бурдани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла, гӯшт,  орд, равған, биринҷ, тухм ва шир ба мушоҳида мерасид, ки  ин боиси ташвиши аҳолӣ мегардид. Махсусан ин ҳолат бештар дар пойтахти  ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе ба назар мерасид.

Дар ҷумҳурӣ имрӯз ҳаво боронӣ аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрноки боронӣ боқӣ монда, дар баландиҳои 2500 метр боридани барф ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.

Имрӯз, 17 май дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +12 +17 ва рӯзона +23 +28 дараҷа гарм мешавад.

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон

Нимаи дуюми рӯзи 16 май сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфта, Александр Лукашенко аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Минск баргашт.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро бо нишони эҳтирому самимияти баланд ва бо расму оини аҷдодии хоси меҳмоннавозии тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд.

Страницы