Боздиди Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко аз манзараҳои зебову нотакрори ноҳияи Варзоб
Опубликовано ср, 16/05/2018 - 18:29 пользователем tvtРӯзи 16 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзеъҳои зебову нотакрори кишвари биҳиштосоямонро дар ноҳияи Варзоб тамошо карданд.
Боздиди сарони давлатҳо аз бӯстонсаройи беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб оғоз ёфта, дар мавзеи Такоби ҳамин ноҳия идома ёфт.