Хабар

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳарорат ба 39 дараҷа мерасад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, ҳарорат то 39 дараҷа гармӣ мерасад. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд.

Имрӯз, 10 май дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8  ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +17 +22 ва рӯзона +31 +36 дараҷа гарм мешавад.

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба

9 майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати 73 — юмин солгарди ғалаба бар фашизм дар Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 ба хотири шаҳидони роҳи озодӣ гулчанбар гузоштанд.

Ба ин муносибат майдони маросимҳои Боғи Ғалаба идона ороста шуда буд.

Страницы