«Истиқлол»-и Тоҷикистон дастаи «Аҳал»-и Туркманистонро мағлуб намуд
Опубликовано ср, 02/05/2018 - 10:00 пользователем tvtШоми дирӯз дар доираи бозиҳои даври 5-уми Ҷоми КФО-2018 дар гурӯҳи «D» дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар сафар дастаи футболи «Аҳал»-и Туркманистон бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин дидор дар шаҳри Балканободи Ашхободи Туркманистон дар ҳузӯри мухлисони сершумор баргузор гардид. Фатҳулло Фатҳуллоев бозингари дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар дақиқаи 51-ум голи ягона дидори мазкурро ба ҳадаф расонид.

